Pamir Paradise
Бубин зеботарин рукни Бадахшон аст Ишкошим
Бадахшон чисм агар бошад, дар у чон аст Ишкошим
Шуда машхур дар аксои олам шухрати лаьлаш,
На кам имруз аз мулки Сулаймон аст Ишкошим
Зи Гармчашма ило Лангар, фузун оби шифобахшаш,
Аз ин хотир давои дардмандон аст Ишкошим
Умедам аст, хам эмони комил дорам, иншоъллох,
Ки оянда барои ту дурахшон аст Ишкошим
Шабе дар гуши ман аз хотифи гайби нидо омад,
“Дар оянда макони ахли ирфон аст Ишкошим»
Агар андар бахояш хулд бахшоянд, настонам
Аз он хотир, ки бар ман бехтар аз чон аст Ишкошим
Ба ман реги ту дурр , оби ту зар, хоки ту гавхарзо,
Ва сангат бехтар аз луьлуву марчон аст Ишкошим
Гузашт аёми тифлиям ба лаб-лаб, лаб– лаби рудат,
Ба ман хори рахат бех аз наистон аст Ишкошим
Агарчанде, ки фарзанди ту Парвона чудо аз туст,
Валекин акси ту дар пеши чашмон аст Ишкошим
Ба ман реги ту дурр, оби ту зар, хоки ту гавхарзо
Ва сангат бехтар аз луьлуву марчон аст Ишкошим
Биё эй хаста, эй ранчур, шифобахш аст Ишкошим
Магу рах дуру ту ночур, шифобахш аст Ишкошим